Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб оид ба муносибатҳои фарҳангии байналмилалӣ сафир Торик Гунайм мулоқот намуд.
Тавре Давлат Нарзиев, сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба Озодагон иттилоъ дод, зимни сӯҳбат Торик Гунайм омодагии ҷониби мисриро барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, табодули ҳайатҳо ва барномаҳои ҳунарӣ байни ду кишвар изҳор намуд.
Номбурда аз мазмуни мулоқоте, ки қаблан сафири Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Миср Муҳаммад Собир Араб дошт, истиқбол намуда, таъкид кард, ки тибқи муқаррароти Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории фарҳангӣ барқарор намудани робитаҳои мустақим байни муассисаҳои фарҳангӣ метавонад омили муҳим барои таҳкими пайвандҳои дӯстӣ бошад.
Зимни сӯҳбат ҳамчунин роҷеъ ба масъалаҳои таълими динӣ дар Азҳари шариф табодули назар сурат гирифт.