Номаи табрикотии президенти Тоҷикистон ба Абдулло Гул
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркия барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар номаи Раҳмон аз ҷумла омадааст: «Ҷаноби Олӣ, бародари азиз, ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст, шумо ва тамоми мардуми Туркияро самимона табрику таҳният менамоям.Тоҷикистон барои рушду нумӯъи ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод».
Ҳамзамон, дар идомаи шодбошии Раҳмон гуфта мешавад: «Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созандаи ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба бародари азизам, ҷаноби президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсту бародари Туркия шукуфоиву саодат таманно дорам».