Шӯрои МН масоили марбут ба ҳамкориҳои наздимарзиро муҳокима кард
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ» баррасӣ шуд.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба Озодагон хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ таҳия гардидааст. Зикр шуд, ки ҳадафи дигар аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ва пешниҳоди он барои баррасӣ ба Шӯрои Маҷлиси намояндагон муқаррар намудани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодии ҳамкории наздисарҳадӣ, иштироккунандагон ва принсипҳои ҳамкории наздисарҳадӣ, намуд ва шаклҳои он мебошад. Амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳамкории наздисарҳадӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои фаъолияти самарабахши иштироккунандагони ҳамкории наздисарҳадӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҳудудҳои наздисарҳадии давлатҳо, инчунин баланд бардошдтани сатҳи зиндагии аҳолӣ яке аз мақсадҳои асосии лоиҳаи қонуни мазкур арзёбӣ гардид.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нафт ва газ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ» муҳокима шуданд.