Муҳокимаи санадҳои «Протоколи Истанбул» дар Душанбе
Имрӯз дар Душанбе масоили марбут ба амалисозии меъёрҳои «Протоколи Истанбул» баррасӣ шуд.
Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсад аз мизи гирд таҳияи тавсия ва нақшаи фаъолият барои тафтиши самаранок ва санадсозии далелҳои истифодаи шиканҷа дар чорчӯбаи амалисозии Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 ва тавсияҳои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи баррасии Нигориши универсалии давравӣ мебошад.
Манбаъ афзуд, ки дар мизи гирд кормандони Додситонии кулл, Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлия, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судии тиббии Вазорати тандурустӣ, судяҳо, адвокатҳо, намояндаҳои созмонҳои байналхалқӣ ва сафоратхонаҳо ширкат намуданд.
Ҳамзамон, кормандони Созмони «Табибон барои ҳуқуқи инсон», ки яке аз муаллифону таҳиягарони «Протоколи Истанбул» мебошанд, дар омӯзиши мазкур вазифаи коршиносонро ба дӯш доранд. Протоколи Истанбул дастури самараноки тафтиш кардану санадсозии далелҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмонаву муҷозот мебошад. Дар он принсипҳои роҳбарикунандаи баҳогузории вазъи ҷабрдидаҳои эҳтимолии шиканҷаву муносиботи бераҳмона, ҳамчунин пешниҳоди натоиҷи чунин баҳогузорӣ аз ҷониби мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, ки барои тафтиши далелхои шиканҷа масъуланд, зикр ёфтаанд.
Маврид ба ёдоварист, протоколи Истанбул, ин натиҷаи заҳмати сесолаи кори таҳлилии 75 коршиноси соҳаи тиб ва ҳуқуқи инсон мебошад, ки аз 40 ташкилоту муассисаи 15 кишвари ҷаҳон намояндагӣ мекарданд. Соли 1999 санади мазкурро СММ ба мақсади ба мамлакатҳо додани дастури амалии санадсозии самараноки далелҳои шиканҷа қабул кардааст.