То поёни сол 3 шабакаи радиоӣ ба фаъолият мепардозад
Оқои Суфӣ, муовини садои Созмони Садо ва Симои Эрон аз роҳандозии 3 шабакаи радиоӣ бо номҳои "Лабханд", "Китоб" ва "Кӯдаку навҷавон" то поёни соли ҷории хуршедӣ хабар дод.
Ба навиштаи хабаргузории "Форс" вай гуфтааст: истикбор бо руҳияи нифоқе, ки дорад, аз сўе бо ҳар падидаи ноҳинҷоре бо унвони ҷараёни озоди иттилоот бархурд намекунад ва мо шоҳид будем, ки шабакаҳои Эронро, ки ҷараёни озоди иттилоотро пайгирӣ мекунанд ва вазифаи иттилоърасонӣ ва танвири афкори умумиро бо як нигоҳи содиқона дунбол мекунанд, якбора қатъ кард.