100 нашъаманд дар байни кормандони пулис
Санҷиши тестӣ, ки ахиран дар байни кормандони пулиси шаҳри Санкт –Петербурги Русия гузашт, 100 нафарро чун нашъаманд ошкор кардааст.
Дар ин бора сардори Раёсати корҳои дохилии Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов дар ҷаласаи шаҳрии қонунгузорӣ ибрози назар намудааст.Вай гуфтааст, ки ҳайати шахсии раёсат пурра аз санҷиши тестӣ гузаштанд: «Аслан тибқи нақша ин санҷиш мебоист тобистон ба анҷом мерасид, вале баъдан ба баъзе сабабҳо мӯҳлати он то моҳи декабри соли равон тамдид карда шуд.Ҳамаи ин сад нафаре, ки дар таркиби хунашон мухаддир кашф гардид ва собит шуд, ки пайваста маводи нашъаовар истеъмол мекунанд, аз кор озод карда шуданд. Гурӯҳи дигаре, ки доруҳои психотропӣ истеъмол мекунанд, дубора ба санҷиш фиристода шуданд ва натиҷаи он низ рӯзҳои наздик мушаххас мешавад».
Бино ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, ки сомонаи расмии АНМН-и Тоҷикистон бо такя ба онҳо мавод нашр кардааст, чанде пеш вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколсев пешниҳод намуда буд, ки кормандони пулиси ин кишвар муттасил аз замони ба кор қабул кардан, то дами рафтан ба нафақа аз санҷишҳои тестии нашъамандӣ ва бемориҳои рӯҳӣ гузаранд: «Маҳз бо ҳамин роҳҳо метавон дар миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нашъамандону майзадагон ва касоне, ки гирифтори ҳолатҳои стресс ҳастанд ошкор намуд ва ба зудӣ аз онҳо ҷудо шуд».