«Ороиш» ва «Агроимпекс» ба фаъолият шурўъ намуданд
Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд 2 корхонаи нав-«Ороиш» ва «Агроимпекс» бо ҷалби сармояи дохилӣ ба фаъолияти озмоишӣ шурӯъ карданд.
Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки «Ороиш» корхонаи хурди истеҳсоли хокаи молиданӣ ва гаҷи сохтмонӣ буда, иқтидори истеҳсолии он 1300 тонна гаҷ ва хокаи молиданиро дар як сол ташкил менамояд: « Айни замон 11 нафар бо ҷои кор таъмин гардида, иқтидори истеҳсолии корхона зиёд ва шумораи коргарон ба 18 нафар расонда мешавад. Музди миёнаи маош 800 сомонӣ мебошад».
Манбаъ мегӯяд, «Агроимпекс» корхонаи хурди истеҳсоли қуму шағал буда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол 15 ҳазор м3-ро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад дар корхона 10 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст. Дар оянда истеҳсоли тахтасангҳои роҳравӣ ва блокҳои сементӣ дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои масъулини Вазорати энергетика ва саноат сохтмони чунин корхонаҳо бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» роҳандозӣ шудааст.