Додситонӣ алайҳи собиқ домоди президент парвандаи нав оғоз кард
Собиқ домоди президенти Қазоқистон бо иттиҳомоти вижа маҳкум мегардад. Рӯзи 15-уми июни соли равон додситонии ин кишвар бо айбномаи нав алайҳи Роҳат Алиев парванда ифтитоҳ карда,
тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ин навбат қатли ду бонкдори Қазоқистонро низ ба ҷурмҳои қаблии ӯ бор карданд. Маврид ба тазаккур аст, ки ҳанӯз дар поёни соли 2007, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон ҷаноби Алиевро бо гуноҳи қасди табаддулот муттаҳам хонда, дар ғайбаш ба ӯ 40-соли зиндон эълом дошта буданд.
Додситони кулли Қазоқистон Асхат Доулбоев гуфтааст, Алиев акнун дигарбора муҳокима хоҳад шуд. Сухан дар бораи ду бонкдоре меравад, ки гуфта мешавад, дар соли 2007 дар пайи як баҳси молӣ бо Алиев рабуда ва кушта шуданд. Роҳат Алиев, ки дар Австрия паноҳ мебарад, ин иттиҳомро қаблан ҳам радд карда буд.
Зимнан, Роҳат Алиев дар соли 2008 барои одамрабоӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва фаъолиятҳои ғайримуҷози молӣ муттаҳам дониста мешуд. Собиқ домоди президенти Қазоқистон (шавҳари Дарига-духтарбузурги Назарбоев) ҳоло дар Вена ба сар мебарад ва муҳокимаи додгоҳӣ дар ғайбӣ вай сурат мегирад.
{jathumbnail off}