Мантовани дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев
Раиси шаҳри Душанбе ҳайати Бонки Ҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе Пйер Франческо Мантовани ба ҳузур пазируфт.
Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба Озодагон иттилоъ дод, аснои мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрўз анҷомгирифтаро дар доираи татбиқи Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн. доллар гранти бебозгашти Бонки умумиҷаҳонӣ ва 3 млн. доллар маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, баҳри амалисозии он ширкати олмонии CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.
Манбаъ афзуд, Убайдуллоев зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар марҳилаи дуюми Лоиҳа тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида - ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шаванд.
Дар ин росто, масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181 ҳазорро ташкил медиҳанд, мувофиқ ба мақсад мебошад.
Бо назардошти он ки ин тадбирҳои иловагӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи сокинони шаҳр бо оби ошомиданию дигар хизматрасониҳо дар соҳаи обтаъминкунию корезӣ нигаронида шудаанд, райиси шаҳр аз масъулини Бонки умумиҷаҳонӣ хоҳиш ба миён овард, ки масъалаҳои зикргардидаро мавриди пажӯҳиш қарор дода, баҳри амалисозии онҳо пешниҳодоташонро ирсол намоянд.