Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Резанур Мерал
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ бо Резанур Мерал, президенти Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия (TUSKON) мулоқот намуд.
Аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ин мулоқот дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор гардид, ки ҷонибҳо ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, фазои сармоягузорӣ, иқтидори обӣ-энергетикии Тоҷикистон ва ташкили Анҷумани муштараки соҳибкорони тоҷику туркро, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Туркия ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ намуданд.
Бояд зикр намуд, Конфедератсияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркия созмони ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, соли 1990 таъсис ёфтааст. Ба конфедератсияи мазкур 7 федератсияи соҳибкорон, 173 ассосиатсия, 43000 соҳибкор ва 120000 ширкат аъзо мебошанд.
Мақсади асосии TUSKON мусоидат намудан барои шиносоӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорони турк ва хориҷӣ мебошад. TUSKON дар шаҳри Москва, Брюссел, Пекин ва Вашингтон намояндагӣ дорад.