Мусобиқаи бадминтон миёни бонувон дар Душанбе
Даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бадминтон миёни духтарон оғоз гардид.
Аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки чорабинии мазкур рӯзи дуюм аст, ки миёни бонувони вазорату кумита ва идораҳои кишвар дар толори варзишии Тоҷикстандарт идома дорвд.
Дар ин мусобиқа 8 дастаи 6 нафара ширкат доранд.
Бино ба иттилои манбаъ, феълан даври нимниҳоӣ ва ниҳоии мусобиқа ҷараён дорад, ки баъди анҷоми он аз натиҷаи ин мусобиқа иттилоъ хоҳад дод.