Убайдуллоев бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаи обро баррасӣ намуданд
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ҳайати Бонки умумиҷаҳониро таҳти сарварии роҳбари лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе ҷаноби Пйер Франческо Мантованӣ ба ҳузур пазируфт.
Аз маркази матбуотии ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо корҳои то ба имрўз анҷомёфтаро дар доираи татбиқи лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 миллион доллар гранти бебозгашти Бонки умумиҷаҳонӣ ва 3 миллион доллар маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифтааст, баррасӣ намудаанд: «Баҳри амалисозии он ширкати олмонии CES Consulting Engineers Saizgitter GmbH мушовир интихоб гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷараёни корҳои амалигаштаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд».
Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намудааст, ки дар марҳилаи дуюми лоиҳа тамоми потенсиали ҷонибҳо бояд баҳри расидан ба ҳадафҳои пешбинигардида - ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона сафарбар карда шаванд.
Манбаъ мегӯяд, дар ин росто масъалаи бо ҷалби маблағҳои иловагии Бонки умумиҷаҳонӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариёни КВД «Обу корези Душанбе», ки беш аз 181000-ро ташкил медиҳанд, мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.