Зарифӣ аз Ҷопон даъват кард, ки ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузории бевоситаро ба роҳ монад
Дар Токио мулоқоти ҳайати вазороти умури хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии он кишвар Коичиро Гембой баргузор шуд.
Тавре сомонаи расмии ВКХ-и Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, дар оғози нишаст Зарифӣ ба ҳамтои ҷопонии худ барои пазироии гарм ва ташкили намунавии вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» изҳори миннатдорӣ намуд.
Аснои вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои равобити дуҷониба, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, вазъият дар минтақа бо назардошти хуруҷи қувваҳои эътилофиро дар соли 2014 аз Афғонистон мавриди муҳокима қарор доданд. Роҳбарони ҳайатҳо ба амалисозии лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба сохтмони роҳҳони оҳану мошингард, афзун намудани квотаи донишҷӯёни Тоҷикистон барои таҳсил дар Ҷопон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карданд.
Ҳамзамон, дар ин вохӯрӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки вақти ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкориҳо расидааст ва ба Ҷопон оид ба маблағгузории бевосита ба иқтисодиёти Точикистон пешниҳод манзур сохт. Мусоҳибон инчунин ба масъалаҳои таҳкими ҳифзи сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷӯҳ намуданд. Вобаста ба ин Вазири корҳои хориҷии Ҷопон дар бораи кӯмакрасонии зарурӣ барои муҷаҳҳазсозии техникии ҳифзи сарҳад изҳори омодагӣ кард.