Марги мармузи як сокини Панҷ дар пойтахт
Латиф, як сокини деҳаи Максим Горкийи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон чанд рӯз қабл дар Душанбе аз дунё даргузаштааст.
Дар ин бора як манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Ба гуфти ӯ, Латиф аз ноҳияи Панҷ ба Душанбе барои харидани мошин ба Душанбе омадааст, аммо пас аз ду рӯз мурдааш аз хонаи иҷорае дар пойтахт дарёфт гардидааст. Манбаъ мегӯяд, Латиф тақрибан 30 сол дошт ва шахси ҳунарманд буд.
Дар ҳамин ҳол, Абдишоҳ, сокини дигари ноҳияи Панҷ ба Озодагон гуфт: « Латиф 10 рӯз пеш дар Душанбе ба ҳалокат расида буд ва ба қавли наздиконаш иллати марги ӯ истеъмоли аз меъёр зиёди нашъа арзёбӣ мешавад».
PS: Иттилоъи мақомоти расмӣ дар ин бора ҳанӯз норӯшан аст.