Кашфу мусодираи беш аз 27 кило нашъа дар Суғд
Дар ин бора ба Озодагон як манбаъи мӯътамад аз РКД-и минтақа иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъ, аснои гузаронидани чораҳои фаври-ҷустуҷӯӣ дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳри Исфара 3 нафар сокинонои пойтахт дар гумони даст доштан ба нашъаҷалобӣ боздошт гардиданд.
Хангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо ба микдори 27 кг. 003 грамм ҳашиш ва афюн дарёфт ва мусолира карда шуд. Оиди ин ҳолат парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.