Чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо дар Суғд
Рақобат миёни калонсолон дар гуштини намуди дзюдо пас аз як рӯз, 17-уми ноябр оғоз хоҳад шуд.
Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттиллоъ доданд, ки рӯзҳои 17-18-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати Тоҷикистон оид ба дзюдо миёни калонсолон доир мегардад.
Дар чемпионати мазкур ширкати ҳайати дастаҳои вилояти Суғд (4 даста), вилояти Халон (4 даста) ва шаҳри Душанбе (4 даста) дар назар аст.