Э. Раҳмон: Иҷлосияи XVI-ум барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ мусоидат кард
Имрӯз, 16-уми ноябр маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баргузар гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар ин ҷаласа иброз намуд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда доранд: «Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз аст, ки барои раҳоии давлати нави ба истиқлол расидаи мо аз оташи ҷанги харобиовар ва ҳамчунин барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, таъмини волоияти қонун ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард».
Номбурда илова намудааст, ки аз ин ҷиҳат метавон гуфт, ки дастовардҳои баъдинаи халқи тоҷик аз татбиқи қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур оғоз ёфтанд.
Эмомалӣ Раҳмон таъктд кардааст, ки имрӯз бо гузашти бист сол барои мо имконият фароҳам омадааст, ки ин рӯйдоди таърихиро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кишвар ва дурнамои тараққиёти он хулосаҳои зарурӣ барорем.
Президенти кишвар бо камоли самимият бистумин солгарди ин иҷлосияи таърихиро ба тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизамон, ки дар роҳи ҳифзи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдат ва худшиносиву худогоҳии миллӣ саҳми бузург гузоштаанд, самимона табрик гуфта, барояшон муваффақияту комёбиҳои шоиста орзу намудааст.