120 фаластинӣ ва 5 исроилӣ тайи ҳафт рӯзи ҷанг ба ҳалокат расидаанд
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико ахиран дар Байтулмуқаддас ором кардани низоъ байни Исроил ва Ҳамос дар сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро муҳим номид.
Бону Клинтон ба хатми мушакборони Исроил даъват карда, гуфт, ӯ бо ҷонибҳо дар минтақа, аз ҷумла имрӯз дар мулоқот бо президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қоҳира, рӯи тарҳи оташбас кор хоҳад кард, ки амнияти сокинони ҷануби Исроил ва беҳбуди шароити рӯзгори аҳли Ғазаро кафолат бидиҳад: “Дар рӯзҳои оянда Амрико бо шариконамон дар Исроил ва саросари минтақа рӯи натиҷае кор хоҳад кард, ки амниятро барои мардуми Исроил таҳким бахшида, шароити мардуми Ғазаро беҳтар кунад ва сӯи як сулҳи фарогир барои тамоми мардуми минтақа барад.”
Сафари вазири хориҷаи Амрико ба Ховари Миёна дар ҳолест, ки аз хушунатҳои ахир байни Исроил ва ҷангиёни навори Ғаза як ҳафта мегузарад. Дар ин муддат дастикам 120 фаластинӣ ва 5 исроилӣ кушта шуданд. Дирӯз бар асари ҳамлаи мушакӣ аз навори Ғаза як сарбози 18-солаи исроилӣ ва як мулкӣ ба ҳалокат расиданд. Ин нахустин низомии Исроил аст, ки дар низоъи ахир ҷон додааст. Як сухангӯи артиши Исроил бидуни бурдани ном гуфт, ки ҳарду дар наздикии марзи Исроилу Ғаза ҷон бохтаанд.