Ш.Зуҳуров: ММД дар Тоҷикистон 4 маротиба афзоиш ёфтааст
Райиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат -Шейду Осакве ва Дмитар Братанов мулоқот анҷом дод.
Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ дод, аснои мулоқот масъалаи раванди пазируфтани Тоҷикистон ба СҶТ, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои аъзои ин созмон, мутобиқ намудани қонунгузории кишвари мо бо талабот ва шароити ташкилоти мазкур ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, бахусус бахшҳои иқтисоду тиҷорат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷаноби Зуҳуров ба меҳмонон дар бораи фазои қонунгузории кишвар, аз ҷумла фаъолияти ҳамаҷонибаи вакилони Маҷлиси намояндагон, раванди таҳия ва қабули қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тасдиқи Созишномаҳои байналмилалӣ, мутобиқ намудани фазои қонунгузории мамлакати мо ба меъёрҳои байналмилалӣ маълумоти муфассал дод.
Ҳамзамон, райиси палатаи поёнии парлумони кишвар гуфт, вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли рӯ ба рушдро касб карда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ сол аз сол паст гардида истодааст: «Тайи панҷ соли ахир ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар кишвар чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст ва бо боварӣ метавон гуфт, ки кишвари мо дар кӯтоҳтарин солҳо марҳила ба марҳила аз як кишвари воридкунанда ба ҷумҳурии содиркунандаи молу маҳсулот табдил хоҳад шуд». Шукурҷон Зуҳуров илова намуд, ки кишвари мо аз Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дархости ворид шудан ба онро карда буд ва мо имрӯз аз он хушҳол ҳастем, ки намояндагони воломақоми ин созмони бонуфуз дар пайи иҷрои дархости ҷониби Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд.
Намояндаи СҶТ, Шейду Осакве нахуст аз номи раёсати олии ин ташкилоти байнулмилалӣ ба раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон барои талошҳои муассир ҷиҳати шомил шудани кишвар ба СҶТ изҳори сипос намуда, ҳамзамон иброз дошт, ки намояндагони масъули онҳо тамоми ҳуҷҷат ва санадҳои лозим барои пазируфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созмони мазкурро омода кардааст.