«МегаФон» ба терминали гумрукии «Қулма» ҳам расид
Бино ба иттилои Шаҳнози Комилзода, менеҷери ширкати «МегаФон-Тоҷикистон», истгоҳи иртиботии бесими насбшуда дар баландии беш аз 4000 метр ҷойгир буда, дар кишвар хамто надорад.
Манбаъ мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба шароити душвори иқлимӣ ва ҷуғрофӣ дар ин ноҳия хатҳои интиқоли қувваи барқ фароҳам нашудаанд: «Бинобар ин, истгоҳҳои иртиботи бесим аз ҳисоби системаи қувваи барқи автономӣ, ки дар асоси аккамуляторҳои офтобӣ бунёд шудаанд, кор мекунад». ИИБ ронандагони зиёдеро, ки тавассути сарҳади Тоҷикистону Чин марзро убур мекунанд, ҳамчунин терминали гумрукӣ ва дидбонгоҳҳои наздисарҳадиро бо алоқаи мобилӣ таъмин мекунад.
Андрей Шишковский, директори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» гуфт: «Истгоҳи мазкур садумин истгоҳи иртиботи бесими ширкати мо дар ВМКБ ба ҳисоб меравад.
Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти техникӣ дар роҳандозии лоиҳаи мазкур бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудем. Бинобар камбуди зерсохторҳои иқтисодӣ ҳамаи таҷҳизот ба ҷои зарурӣ бо истифода аз хару асп интиқол дода шуданд, мутахассисон маҷбур буданд, ки дар шароити камбуди оксиген кор кунанд. Мо аз он ифтихор дорем, ки новобаста ба ҳамаи мушкилоту монеаҳо тавонистем алоқаи босифатро дар ин минтақа фароҳам созем» афзуд, Андрей Шишковский.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати мазкур ҳоло беш аз 1 500 000 муштариёнро дар Тоҷикистон бо алоқа таъмин мекунад.