Ҳодисаи марги нашъамандон дар Эстония болотар аз ҳар кишвари аврупоист
Эстония дар байни кишварҳои Аврупо аз маргу мири афрод бар асари истеъмоли маводи мухаддир дар ҷойи аввал қарор дорад.
Гуфта мешавад, Маркази аврупоии таҳқиқоти нашъмандӣ ба чунин хулоса расидааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, агар дар Иттиҳодияи Аврупо ба ҳар миллион сокини аз 16 то 64-сола 20 нафар бар асари истеъмоли маводи мухаддир фавтад, пас соли 2010 дар Эстония ба ҳар як миллион одам 111 нафар аз истеъмоли он ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои сомонаи хабарии «Vikerraadio» чун қоида дар Эстония бештар маҳлулҳои химиявиро истифода мекунанд. Тибқи гузориши расмии мақомоти ин кишвар 95% мубталоён ба нашъамандӣ нашъаи мансуб ба гурӯҳи афюнро истеъмол мекунанд.
Дар Аврупо дастрасӣ ба ҳероин коҳиш ёфтааст ва аз ин рӯ теъдоди онҳое ҳам, ки онро истеъмол мекарданд, хеле кам шудаанд.
Дар Эстония ингалятсияи маводи мухаддир, яъне нафас кашидан аз часп, ҳар гуна лак ва маҳлулҳои химиявӣ хеле паҳн шудааст. 15% мактаббачагони 15-16-солаи ин кишвар аз маводи нашъадори ингалятсионӣ истифода кардаанд. Дар Иттиҳодияи Аврупо бошад, ин нишондиҳанда 9%-ро ташкил медиҳад.