Журналистон дар бораи ҳуқуқи кӯдакон огоҳии кофӣ надоранд
Ҳуқуқи кӯдак ва мавзӯъи марбут ба он аз ҷумла масоилест, ки рӯзноманигорони ватанӣ ба он камтар таваҷҷӯҳ доранд.
Ин нукта дар як нишасти ҷомеъаи журналистии кишвар, ки имрӯз дар бинои «Шарқи озод» сурат гирифт, аз ҷониби масъулини созмонҳои журналистӣ иброз гардид. Сафо Сафаров, роҳбари ташкилоти «Мактаби мустақили рӯзноманигорӣ-асри 21» мегӯяд, миёни расонаҳои электронию чопии Тоҷикистон,ки барои кӯдакон мавод чоп мекунанд, матолиб кам нест: «Вале, муттасифона, муаллифон аксар вақт оиди масоили ҳуқуқи кӯдак огоҳии кофӣ надоранд. Дар маводҳои онҳо ифодаҳои ноҷоиз ва ифшои шахсияти кӯдаконе мушоҳида карда мешавад, ки дар низоъ бо қонун мебошанд».
Ба гуфти ширкатдорони ҳамойиши «ВАО ва ҳуқуқи кӯдак» дар бархе аз маводҳо акси кӯдаконе ба нашр мерасад, ки эҳтимолияти бегуноҳии онҳо ҳанӯз мавҷуд аст. Ин омил сабаби мавқеъи айбдоркунандаро ишғол кардани журналистон мешавад ва боиси доғгузорӣ ба номи кӯдак мегардад.