Стратегияи баландбардории некӯаҳволии сокинон барои солҳои 2013-2015
Дар Душанбе миёни коршиносон ва масъулини Вазорати рушди иқтисоуд ва савдои кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз вазорати номбурда ба Озодагон иттиллоъ доданд, зимни ин нишаст Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо ҳадафҳои «Стратегияи баландбардории некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро муаррифӣ карда, таъкид намуд, ки мақсади стратегияи мазкур идома додани раванди коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои устуворгардонӣ ва афзоиши теъдоди табақаи миёна мебошад.
Дар ҷараёни муаррифии ин стратегия ҳамзамон қайд гардид, ки тибқи сенарияи эҳтимолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3%-и соли 2012 то ба 31,5% дар соли 2015 коҳиш ёфта, сатҳи табақаи миёна (тибқи меъёри байналмилалӣ) мутаносибан аз 19,5% то ба 29,4% расонида мешавад. Дар анҷом оид ба мӯҳтавои стратегияи мазкур аъзои гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз нуқтаи назари хешро баён намуданд.