Ҷасади Ҳошимовро ба Ватан оварданд
Акрам Ҳошимови 43 сола, сокини шаҳри Чкаловскии вилояти Суғд, ки чанде қабл бар асари як садамаи ҳавопаймоӣ дар шаҳри Талоди иёлоти Кордофани Ҷанубии давлати Судон ба ҳалокат расид, ҷасадшро ба Тоҷикистон оварданд.
Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия ба Озодагон иттилоъ доданд, ки рӯзи 19-уми августи соли равон ҳавопаймои Ан-26-и мансуб ба ширкати судонии «Алфа 1», ки ҳайъати ҳукуматии Судон дар он буданд, ҳангоми фуруд омадан дар шаҳри Талод, дар макони суқути ҳавопаймо ҳодисаи сӯхтор ба амал омад, ки ҳамаи 32 мусофир, аз ҷумла яке аз сарнишинон, шаҳрванди Тоҷикистон Акрам Ҳошимов низ ҷони худро аз даст дод.
Гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб дар ҳамоҳангӣ бо сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Судон ва ниҳодҳои дахлдори судонӣ корҳои заруриро анҷом дода, 23-уми ноябри соли ҷорӣ ҷасади марҳумро тавассути Доҳа ба Масква овардаанд.
Манбаъ мегӯяд, вобаста ба масъалаҳои қабули тобут дар Масква, пайдо кардани пайвандони Ҳошимов ва интиқоли ҷасади ӯ ба Ватан аз ҷониби сафорати Тоҷикистон дар Русия мусоидат карда шуд ва шоми 24-уми ноябр ҷасад тавассути хатсайри Домодедово – Хуҷанд ба Тоҷикистон фиристода шуд: «Сафорат ба аҳли хонавода ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ намуда, барояшон аз даргоҳи Парвардгор сабри ҷамил хоҳонанд».