Дарёфт ва мусодираи 5 кило нашъа. Аз «Мерседес»
Дар ин бора ба Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд
Аснои гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор, Уматалиев Комил Отахоновичи 39-сола боздошт гардид. Номбурда сокини деҳаи Зафарободи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, пеш бо моддаи 200-и КҶ ҶТ суд шудааст.
Манбаъ афзуд, ҳангоми кофтукови автомашинаи шахсии ӯ, ки тамғаи «Мерседес-Бенс» аст, аз қисми пеши курсии мусофир 1 килою 978 грамм маводи нашъадори ҳероин, 1 килою 918 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 890 грамм афюн дарёфт ва мусодира карда шуда: «Дар маҷмӯъ, вазни холиси ин мавод 4 килою 786 граммро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад».