«CNBM-TALCO Cement Co. Ltd» 5000 нафарро бо кор таъмин мекунад
Таҳти раёсати президент ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар оғози нишаст ҳисоботи раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист оид ба рафти иҷрои Барномаи барқарорсозии стансияи обуҳавосанҷӣ ва дидбонгоҳҳои обченкунӣ шунида шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа доир ба баланд бардоштани сифати корҳо, аз ҷумла тавассути омодасозии кадрҳои баландихтисос, беҳсозии таъминоти техникӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон супориш дод.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа чанд барномаи давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тасдиқ карда шуд, аз ҷумла Барномаи рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2019, Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон, Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016, Барномаи мониторинги муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017, Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 ва Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020.
Зимнан, дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ» ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Ваҳдат директори Агентии сохтмон ва меъморӣ гузориш дод. Эмомалӣ Раҳмон доир ба риояи талаботи қонунгузории соҳа, пешгирӣ аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва ободу зебо намудани шаҳри Ваҳдат ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо» ва «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «CNBM-TALCO Cement Co.,Ltd» қабул карда шуд. Тибқи он дар ноҳияи Шаҳритус аз ҷониби ширкати алюминийи тоҷик ва бузургтарин ширкати сементбарории Ҷумҳурии Мардумии Чин CNBM бо харҷи беш аз 600 миллион доллари амрикоӣ як корхонаи муштараки тавлиди семент бунёд меёбад. Иқтидори солонаи корхона 3 миллион тонна навъҳои гуногуни семент мебошад. Замони пурра ба кор даромадани корхона дар он 5 ҳазор нафар соҳиби кор ва маоши хуб хоҳанд шуд.