«Равшан»-и Кӯлоб- ғолиби мусобиқаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон
Имрӯз, 29-уми ноябр тими «Равшан»-и Кӯлоб ғолиби мусобиқаи имсолаи қаҳрамони футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ гардид.
Ҳисобро дар дақиқаи 20-уми бозӣ Фарҳод Тоҳиров, бозингари дастаи «Истиқлол» кушод ва баъди 13 дақиқа ҳамлагари «Равшан» Наврӯз Рустамов ҳисобро баробар намуд.
Голи дувум ва ҳалкунандаи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов дар нимаи дувум, дар дақиқаи 60-ум ба ҳадаф расонд.
Гуфта мешавад, дар ҷадвали ҷамъбастии мусобиқа дастаи «Равшан» бо 62 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор соҳиби медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шуд.
Бояд зикр намуд, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони ҳафткаратаи Тоҷикистон, ки бо 61 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, ки бо 53 имтиёз севум шуд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд.