Шаҳрдори Теҳрон асри 21-ро қарни бозёбии қудрати Осиё донист
Муҳаммадбоқири Қолибоф, шаҳрдори Теҳрон ва бунёдгузори Маҷмаъи шаҳрдорони Осиё, ки ба манзури ширкат дар сеюмин давраи иҷлоси ин Маҷмаъ ба Бангкок сафар кардааст.
Номбурда бо хонум Ҳизер, дабири иҷроии комиссиюни иқтисодӣ ва иҷтимоъии Созмони Милал барои Осиё ва Уқёнусия(Скап) дидор ва гуфтугӯ кард.
Муҳаммадбоқири Қолибоф бо ишора ба мушкилоти пеши рӯи калоншаҳрҳои ҷаҳон - назири муҳоҷирати беравия, олудагии ҳаво, ҳошияни-шинӣ ва ҳамлу нақли умумии номуносиб хотирнишон кард: асри 21 асри шаҳрҳост ва беш аз 50 дарсади ҷамъияти ҷаҳон дар ин аср шаҳрнишин хоҳанд буд ва ин рушди ҷамъиятӣ тадбирҳои хоси мудириятиро металабад. Вай бо баёни онки шаҳри Теҳрон дар тӯли даҳаи гузашта тавониста ба сурати ҷаҳишӣ бар бисёре аз мушкилот пирӯз ояд, гуфт: дар заминаҳое, назири контроли олудагии ҳаво ва талош барои костани он, бартарӣ додан ба ҳамлу нақли умумӣ бо таъкид бар метро ва автобусҳои тундрав, густариши бузургроҳҳои шаҳр ва ...метавон гуфт пойтахти Эрон пештоз аст.
Оқои Қолибоф дар идома афзуд: дар даҳаи дуюми қарни 21-ум 55 дарсади тиҷорати ҷаҳон дар Осиё рух хоҳад дод. Аз ҷиҳати манобеъи инсонӣ ва тамаддуну фарҳанги куҳан низ қораи Осиё саҳми бузурге дар дунё дорад ва бояд ин қарнро қарни бозёбии қудрати Осиё донист.