Зарифӣ ба Туркманистон рафт. Президент ҳам меравад
Дар шаҳри Ашқобод ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои хориҷа иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар нишаст Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ хоҳад кард. Ба қавли манбаъ, ҳамойиш фардо, 4-уми декабр ба кори худ шурӯъ менамояд: «Дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими амнияти минтақа дар баробари таҳдидҳои террористӣ ва роҳҳои мубориза бо тундгароӣ ва густариши ҳамкориҳо дар бахши экологӣ ва масъалаҳои дигари муҳим баррасӣ хоҳанд шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот вазирони умури хориҷӣ ҳамчунин барномаи масъалаҳои мавриди баҳси сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро баррасӣ хоҳанд кард».
Маврид ба ёдоварист, нишасти сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 5-уми декабр баргузор хоҳад шуд ва ширкати Эмомалӣ Раҳмон дар он дар назар аст.