Кӯлоб: Ҳалокати кормандони Кумитаи заминсозӣ
Садамаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон мунҷар ба марги ду нафар шуд.
Тавре аз ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Нексия» Ҳошим Одинаеви 37-сола,сокини ноҳияи Мӯъминобод, сармутахассиси Кумитаи заминсозии ноҳияи мазкур аснои ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди байни деҳаҳои Офтоблиқо ва Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, ба дарахт бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири он- Зоиров Шодӣ Шарифови,ч соли таваллудаш 1974, корманди Кумитаи заминсозии ноҳияи Мӯъминобод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.