Пас аз ба итмом расоидани гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат» ва азнавсозии гузаргоҳи зеризаминӣ дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Ф.Ниёзӣ нуқтаҳои фурӯши чунин гузаргоҳҳо тариқи озмун ба соҳибкорон дода хоҳанд шуд.
Шафқат Сайидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки дар иртибот ба қабулу баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба иҷора гирифтани нуқтаҳои савдо чунин ҷойҳо аз рӯи таъинот танҳо барои фурӯши маводи чопию конселярӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ихтисос дода шудааст.
Бояд зикр намуд, қаблан масъулин иброз намуда буданд, ки дар назар аст то моҳи январи соли 2013 гузаргоҳи зеризаминии назди бозори «Саховат»-ро сохта ба истифода медиҳанд.