Ба қавли манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Сунатулло Ашурови 32-сола (зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Чкалов), ки корманди хадамоти гумрук мебошад, аснои ҳаракат бо шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмой бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» бархӯрдааст.
Дар натиҷаи ин садама, ронандаи Мулопоччо Пулодов ҷароҳат бардошта, мусофири он- Ҷамшед Асадов, сардори нозироти андози ноҳияи Зафаробод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Алъон парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.