Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар парлумон гуфт, ки озод кардани ин ширкат аз пардохти молиёт барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Зеро масъулин тасмим доранд, бо мақсади гузаштан ба низоми шиносаномаҳои биометрӣ дар ҳудуди Тоҷикистон 36 маркази маълумотҷамъкунӣ таъсис бидиҳанд. Дар робита ширкати олмонӣ ин марокизро бо фанновариҳои лозимӣ таъмин хоҳад кард. Ба гуфтаи вазир, то соли 2013 Тоҷикистон пурра ба шиносномаҳои биометрӣ хоҳад гузашт. Бо ин ҳадаф эҳтимол меравад, теъдоди марказҳои маълумотҷамъкунӣ дар ҳудуди Тоҷикистон афзоиш ёбад.
Дар ҳамин маврид Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумони Тоҷикистон аз муҳимияти ин санад зикр карда гуфт, ки бо таъсиси марказҳои маълумотҷамъкунӣ аз 300 то 400 шаҳрванди дигар метавонад бо ҷойи кор таъмин гардад. Илова бар ин арзиши шиносномаҳои биометрӣ то 40 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.