Барномаи мазкур аз ҷониби оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) рооҳандозӣ шуда, мақсади ба роҳ мондани лоиҳа, ин ҷалби хонандагони синфи 9 ба мактаб ва барои идома додани таҳсили онҳо мебошад. Ниёзмуҳаммад Шоев, директори мактаби таҳсилоти умумии №2-и ноҳияи Данғара ба Озодагон гуфт, барномаи мазкур аввалин бор аст, ки дар ноҳияи онҳо амалӣ мегардад ва натиҷаи хуб низ додааст: «Дар умум мактаб 1 ҳазору 250 нафар хонанда дорад, ки аз онҳо 124 нафар дар синфи 9 таҳсил мекунанд. Чун барнома танҳо барои толибилмони синфи 9 аст 40 нафари онҳо ҷалб шудаанд».
-Дар мактаби мо буданд хонандагоне, ки дар онҳо нияти тарк кардани мактабро доштанд.Мо бештар ҳамин ашхосро ба мактаб ҷалк кардем. Мо усулҳои фаъоли таълимро истифода бурда, ҳар рӯз муаллими синф бо робита ба волидайн аст,-афзуд сарвари мактаб.
Дар ҳамин ҳол, Карен Тиенҷен, директори барнома аз дафтари марказӣ изҳор дошт, ки «Хонандае, ки таҳсилашро ба охир мерасонад барои пайдо кардани кор имкониятҳои бештар ва хубтаре дорад. Махусусан духтароне, ки таҳсилашонро хатм мекунанд ба воя расида, оилаи солим ва судмандро ташкил намуда дар навбати худ ба ҷомеа фоида мерасонанд». Дар маросими мазкур Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Тоҷикистон, намояндагони маъорифи кишвар, Раиси ноҳияи Данғара ва омӯзгорону хонандагони мактаби №2 иштирок доштанд.
Бояд зикр намуд, ки Барномаи омӯзишии пешгирии тарки мактаб намудани хонандагон аз соли 2010 дар Тоҷикистон шурӯъ шуда, то соли 2013 идома меёбад ва 165 мактаби ҷумҳурӣ ба лоиҳаи мазкур ҷалб шудааст.