Рейтинги нави FIFA: Тоҷикистон як зина боло рафт
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон миёни тимҳои миллии кишварҳои собиқ шӯравӣ дар ҷойи 13-ум буда, аз Қазоқистону Қирғизистон пеш аст. Феълан Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) мақоми 136-умро касб кард.
Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқ шӯравӣ дар феҳристи FIFA чунин аст: Русия (9), Украина (47), Беларус (65), Узбакистон (67), Гурҷистон (73), Арманистон (75), Эстония (86), Латвия (106), Литва (116), Озарбойҷон (118), Молдова (128), Туркманистон (129), Тоҷикистон (136), Қазоқистон (142), Қирғизистон (199).
Мунтахаби миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 208 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмониҳо мақоми дуюмро касб кардаанд ва дастаи миллии Аргентина дар зинаи сеюм қарор дорад. Инчунин, дастаҳои Италия, Колумбия, Инглистон, Португалия, Ҳолланд, Русия ва Хорватия дар миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон миёни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷойи 18-ум қарор дорад. Ҷопон (22), Кореяи Ҷанубӣ (35), Австралия (36), Эрон (59), Узбакистон (67), Чин (88), Ироқ (92), Урдун (94), Умон (95) ва Аморати Муттаҳидаи Араб (96) даҳ дастаи беҳтарини Осиё маҳсуб мешаванд.
Дастаи милли футболи Тоҷикистон имсол 6 бозӣ анҷом дод: 1 бозӣ дар доираи даври сеюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар шаҳри Хуҷанд бо тими миллии Кореяи Шимолӣ - 1:1, 3 бозӣ дар даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК-2012 дар Непал бо мунтахаби Ҳиндустон – 2:0, Кореяи Шимолӣ – 0:2, Филиппин– 1:2 ва 2 бозии дӯстона бо мунтахаби Қатар – 2:1 ва тими миллии Эрон – 1:6. Ба ин тартиб футболбозони тоҷик дар 2 бозӣ пирӯз шуда, 1 бозиро мусовӣ кардаанд ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдаанд, таносуби тӯбҳояшон 7-12 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 буд. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад. Рейтинги минбаъдаи FIFA 17-уми январи соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.