Дар ин бора ба Озодагон аз РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд Ҳусейнов Амир Аминҷоновичи 17-сола, сокини кӯчаи Шӯро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд, ки ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 5000 дона маводҳои тарфгарии «трения» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Ҳамзамон, дар ҳудуди ноҳияи Истаравшан аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ Раҳимов Муҳаммад Баҳромовичи 15-сола, хонандаи синфи 8-уми литсейи №1, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 7000 дона маводи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира гардид.