Хонандагони макотиби миёна 1 моҳ таътил хоҳанд дошт
Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати маориф иттилоъ доданд.
Тибқи хабари манбаъ, таътил 1-уми январ оғоз гардида, 31-уми январ ба охир мерасад. Зимнан, лоиҳаи қарор дар ин бора омода гардида, вале ҳанӯз аз ҷониби вазири маориф Нуриддин Саидов ба имзо нарасидааст. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ба таътили баҳорӣ баромадани толибилмони макотиб маълум нест, зеро соли оянда таҷлили Иди Наврӯз дар Тоҷикистон муддати 5 рӯз идома меёбад. «Сарфи назар аз таъин шудан ё нашудани таътили баҳорӣ, толилмон дар иди Наврӯз истироҳат хоҳанд кард»