Реша дар хок
Ту аз ин дашти хушки ташна рӯзе кӯч хоҳӣ кардВа ашки ман туро бидруд хоҳад гуфт,Нигоҳат талху афсурдаст, Дилатро хор-хори ноумедӣ сахт озурдаст, Ғами ин нобасомонӣ ҳама тӯшу тавонатро зи тан бурдаст.
Ту бо хуну арақ ин ҷангали пажмурдаро рангу рамақ додӣ,Ту бо дасти тиҳӣ бо он ҳама тӯфони бунёдкан дарафтодӣ,Туро кӯчидан аз ин хок дил баркандан аз ҷон аст!Туро бо барг-барги ин чаман пайванди пинҳон аст.Туро ин абри зулматгустари бераҳми беборон,Туро ин хушксолиҳои пай дар пай,Туро аз нимараҳ баргаштани ёрон,Туро тазвири ғамхорон Зи по афканд.Туро ҳангомаи шуми шағолон, бонги бе таътили зоғон, дар сутӯҳ овард.Ту бо пешонии поки наҷиби хеш,Ки аз он сӯи гандумзорТулӯъи бошукӯхаш хуштар аз сад тоҷи хуршед аст,Ту бо он гунаҳои сӯхта аз офтоби дашт,Ту бо он чеҳраи афрӯхта аз оташи ғайрат,Ки дар чашмони ман волотар аз сад Ҷоми Ҷамшед аст,Ту бо чашмони ғамборе,Ки рӯзе чашмаи ҷӯшони шодӣ будва инак ҳасрату афсӯс бар он соя афкандаст, хоҳӣ рафт,Ва ашки ман туро бидруд хоҳад гуфт.Ман ин ҷо реша дар хокам,Ман ин ҷо ошиқи ин хок, агар олуда ё покам,Ман ин ҷо то нафас боқист, мемонам,Ман аз ин ҷо чи мехоҳам, намедонам,Умеди рӯшноӣ гарчи дар ин тирагиҳо нест,Ман ин ҷо боз дар ин дашти хушки ташна меронам,Ман ин ҷо рӯзи охир аз дили ин хок, бо дасти тиҳӣ гул бармеафшонам.Ман ин ҷо рӯзи охир аз ситеғи кӯҳ чун хуршедСуруди фатҳ мехонам.Ва медонамТу рӯзе боз хоҳӣ гашт.
Фаридуни Муширӣ