Русия ба Тоҷикистон 1 миллион тонна нафт ворид карданист
Масъулини Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯянд, талаботи солонаи кишвар ба нафт барои соли 2013-ум 1 миллиону 605 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Тавре аз вазорати мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, аз чунин ҳаҷми маҳсулоти пешбинишудаи нафт як миллионаш аз Федератсияи Русия, боқимонда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад.
Гуфта мешавад, афзоиши воридоти нафт ба Тоҷикистон аз дигар давлатҳо аз нарх, роҳкиро ва сифати маҳсулот вобаста мебошад.