Тоҷикистон барои содироти маҳсулоташ ба Аврупо аз Хитой таҷҳизот харид
Тоҷикистон аз Хитой дар ҳаҷми беш аз 3 миллион доллари ИМА дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавӣ, аз қабили дастгоҳҳои ресандагӣ ва бофандагӣ харидорӣ намуд.
Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки айни ҳол чунин таҷҳизоту дастгоҳҳоро ба кишвар ворид намуданд ва дар якҷоягӣ бо мутахассисони Хитоӣ васлу насби онҳо дар ҶСШК «Ресанда» оғоз гардидааст.
Масъулини ин вазорат мегӯянд, воридоти дастгоҳву таҷҳизоти мазкурро бо мақсади баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (риштаи пахтагин ва матои бофандагӣ), паст намудани арзиши аслии маҳсулот ва рақобатпазирӣ дар бозори истеҳсолӣ мебошад: «Баъд аз истифодабарии чунин дастгоҳҳо дар корхонаи «Ресанда» ҷойҳои корӣ зиёд гардида, ҳамчунин сифати маҳсулот беҳтар хоҳад гардид».
Манбаъ мегӯяд, роҳандозии чунин таҷҳизот имконият медиҳад, ки маҳсулоти истеҳсолнамуда ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо содир карда шавад.