Тоҷикистониён дар Чин
Як гурӯҳи 26 нафараи ҷавонони тоҷик, хатмкунандагони Донишгоҳи технологӣ ва политехникии Тоҷикистон ба давлати Чин сафар намуданд.
Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ дод, ки мақсад аз сафари ин гурӯҳ ҷавонон, гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва аз худ намудани тахассус ва малакаю маҳорати кордонӣ дар соҳаи коркард ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ мебошад.
Гуфта мешавад, сафари ҷавонон бо кӯмак ва дастгирии бевоситаи ширкати «Хуа-Син Ғайюр»-и чинӣ, ки 17 сентябри соли 2011 ба қайд гирифта шудааст ва дар моҳи октябри соли гузашта ба кори сохтмонии худ оғоз намудааст, сурат гирифтааст.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмуъ теъдоди чунин ҷавононе, ки ба Чин фиристода шудаанд, ҳудуди 100 нафарро ташкил дода, ду гурӯҳ зина ба зина сафар намуданд.
Ба қавли Абдуллоҳи Қодирӣ, 25-уми сентябри соли ҷорӣ гурӯҳи якум иборат аз 70 нафар ҷавонон ҷиҳати таҷриба ва омӯзиши малакаю маҳорат ва такмили ихтисос ба Чин сафарбар гардиданд ва гурӯҳи дуввум шаби 26-уми декабри соли равон, ки 26 нафарро ташкил медиҳанд, сафар намуданд: « Дар ҷараёни озими сафари эшон ба ҶМ Чин кормандони Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иштирок намуда, доир ба фаъолияти корхонаи мазкур, падарону модарони донишҷён ва бархе аз роҳбарияти ширкати ««Хуа-Син Ғайюр» мулоқот ва сӯҳбатҳо оростанд. Зимни ҳамсӯҳбат шудан бо яке аз масъулини ширкат онҳо чунин баён доштанд: «Санги якуми корхонаи мазкур, соли сипаришуда гузошта шуда, иқтидори истеҳсолии солонаи он баъди пурра ба истифода додани корхона 1 миллион тонна сементро ташкил хоҳад дод».
Бояд қайд намуд, ки дар моҳи августи соли гузашта, ширкати «Хуа- Син Сентрал Азия» бо ширкати Гайюр якҷоя шуда, ширкати «Хуа-Син Ғайюр»-ро ташкил доданд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки тамоми хараҷот барои ҳарду гурӯҳ дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Масъулини Хадамти муҳоҷират мегӯянд, ин гурӯҳ ҷавононе, ки ба Чин фиристода шуданд, баҳри ободӣ ва пешрафти кишвар, рушд ва тараққиёти мамлакат, тавсеа ва истиқлолияти иқтисодии ҷумҳурӣ ва раҳоии кишвар аз таъмини аҳолӣ бо сементи хушсифат саҳми бо сазо хоҳанд гузошт.
Бино ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур бо таҷхизот ва технологияи навтарин ҷиҳозонида шуда, ҳаҷми умумии сармояи он 110 миллион доллари ИМА-ро дар бар гирифта, феълан вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин корхона бо суръат идома дорад.