Парлумони ҷавонон дар меҳмонии Маҷлиси намояндагон
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова бо намояндагони «Парлумони ҷавонони Тоҷикистон» мулоқот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии палатаи поёнии парлумон, аснои нишаст масоили марбут ба ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ҷавонони кишвар ва густариши ҳамкорӣ байни Парлумони ҷавонони Тоҷикистон бо кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардид. Бону Ҷабборова дар оғози сўҳбат дар бораи фаъолияти кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон маълумоти муфассал дода, ҳамзамон изҳор дошт, ки аъзои ин кумита ва дар маҷмўъ ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамеша бо ҷавонони мамлакат дар иртибот қарор доранд.
- «Аъзои кумитаи мо, ки баррасӣ ва масъалаҳои марбут ба кору зиндагии ҷавонон низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо ба шумор меравад, дар ҳамаи гўшаву канори мамлакат, бахусус дар шаҳри Душанбе бо ҷавонони фаъол ва равшанфикр, ҳамчунин бо ҷавонони ҳамаи табақаҳои кишвар пайваста мулоқоту вохўриҳо менамоянд, то аз муваффақияту мушкилоти онҳо аз наздик ошно шаванд»- гуфт Марҳабо Ҷабборова.
Ҳамзамон, Кабир Ҷӯраев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ , ки намояндагони Парлумони ҷавонони Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекард, мақсад аз таъсиси парлумони мазкурро дар баробари баланд бардоштани дониши ҳуқуқии ҷавонон, тарғибу ташвиқи ифтихори ватандорӣ, арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандўстиву меҳанпарастӣ, ҳамчунин мусоидат кардан дар ҳалли мушкилоти ҷавонон унвон кард.