«Талко» як қисмати Душанберо гарм карданӣ аст
Ин ширкат корҳои илмӣ-амалиро ҷиҳати дар дегхонаи қисми шарқии шаҳри Душанбе насб намудани ду генератори истифодакунандаи газ анҷом дод.
Таҷҳизоти нав бо супориши президент насб гардида, бино ба қавли Игор Сатторов, сарвари идораи таҳлил ва иттилооти «Талко», генераторҳои истифодакунандаи газ имкон медиҳанд, ки хонаҳои истиқоматӣ ва кӯдакистону мактабҳои қисми шарқии шаҳр бо оби гарм ва гармӣ таъмин шаванд: «Қабл аз Соли нав генератори якум пурра мавриди истифода қарор дода шудааст, ки се шаҳрак як мактаб ва 2 кӯдакистонро бо гармӣ таъмин менамояд. Рӯзҳои наздиктарин генератори дуюм низ пурра насб мешавад».
-Насби генераторҳои истифодакунандаи газ дар дегхонаи қисми шарқии шаҳри Душанбе тӯҳфаи солинавии ширкати алюминии Тоҷикистон барои сокинони пойтахт аст,-афзуд манбаъ.