Баргузории 40 намоишгоҳ дар Беларус
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар соли 2013 дар шаҳри Мински Белорус 40 намоишгоҳи махсус баргузор менамояд.
Аз палатаи мазкур ба Озодагон иттилоъ доданд, ки аз ҷумла 6-ум то 10-уми феврали соли равон намоишгоҳи байналмилалии китоб, 26-29-уми март намоишгоҳ вобаста ба соҳаи тибби Беларус доир хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, зимни ин намоишгоҳҳо ҷонибҳо маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.