«Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ»-и Тоҷикистону Ӯзбакистон 20 сола шуд
Маҳз дар ҳамин рӯз, 4-уми январи 1993, бо ибтикори президенти Ӯзбакистон дар Тошканд мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор гардид.
Дар он Нурсултон Назарбоев, райисҷумҳури Қазоқистон, Аскар Акаев, президенти Қирғизистон, Эмомалӣ Раҳмонов, райиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафармурод Ниёзов, президенти Туркманистон ва раҳбари давлати мизбон- Ислом Каримов ширкат доштанд. Бино ба навиштаи таърихнигорон-Д.Назриев ва И.Сатторов аснои нишаст масоили марбут ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишварҳои ҳамсуд (ИДМ), тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ миёни кишварҳои мазкур, ҷараёни иҷрои созишномаҳои қаблан имзошуда мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, дар ин ҷаласа сарони кишварҳо мавқеъи худро дар мавриди муносибат бо ИДМ баён доштанд. Қайд гардид, ки «кишварҳои минтақа омодаи расонидани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон мебошанд, махсусан таъкид шуд, ки барои раҳоии Тоҷикистон аз бунбасти иқтисодӣ ва сиёсӣ кӯмакро аз ҳукумати Душанбе дареғ намедоранд».
Маврид ба ёдоварист, раҳбарони давлатҳои минтақаи номбурда дар ин нишаст ба қароре омаданд, ки аз ин ба баъд аз ибораи қабулшудаи «Осиёи Миёна ва Қазоқистон» даст мекашанд ва минтақаро Осиёи Марказӣ унвон хоҳанд кард: «Н.Назарбаев ва И. Каримов дар нишасти матбуотии созмонёфта дар ҳузури хабарнигорон иброз доштанд, ки дар Тошканд хишти аввали эъмори як иттиҳоди нав- давлатҳои Осиёи Марказӣ гузошта шуд».Бояд гуфт, дар мулоқоти Тошканд (4-уми январи соли 1993) ҷонибҳои ширкаткунанда ба тавофуқ расиданд, ки Бунёди байналмилалии «Наҷоти Арал» таъсис хоҳад ёфт ва он механизми идоракунии вижаро доро мешавад.
Дар хотимаи нишаст Шартномаи ҳамкорӣ дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмакрасонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ба имзо расида, худи ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмонов, райиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумалик Абдуллоҷонов, райиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон ба Хуҷанд парвоз карданд.
Манбаъ: Назриев Д., Саттаров И (Республика Таджикистан: история независимости (хроника собитий. Год 1993-й)