Мақомоти корҳои дохилӣ бояд ба Кумитаи андоз «маълумотнома» пешниҳод намоянд
Имрӯз, 7 январ дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси МН ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои нишаст чанд масъалаи марбут ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳури мавриди баррасӣ қарор гирифт: « Аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ»,протокол оид ба ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созишномаи Марокаш доир ба таъсисёбии СҶТ, лоиҳаи қарори МН «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба дастури Маҷлиси намояндагон», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ».
Раисони кумитаҳои МН- Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Раҷабов, Азизмат Имомов зимни баромади хеш оид ба масъалаҳои мазкур иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» ҷиҳати иҷрои Барномаи ислоҳоти аграрӣ, бо мақсади мутобиқ намудани баъзе меъёрҳои қонуни мазкур ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки» ва такмили он бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
Қайд гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова қонун «Дар бораи милитсия» бо мақсади мутобиқ намудани қонуни мазкур ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод гардидааст. Тибқи лоиҳаи мазкур мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба Кумитаи андоз маълумотнома оид ба додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда, ё ин ки мӯҳлати амалашон баохиррасида ирсол намояд.