Ду ҳукми ҳабси абад дар як сол
Дар ин бора Зафар Азизов, райиси Шӯрои адлия зимни баргузории конфронси матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз дошт.
Ба қавли ӯ, соли гузашта аз ҷониби судҳои тобеи Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ (ба ғайр аз Суди олии Тоҷикистон) ду ҳукми ҳабси абад содир шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 15 ҳолат камтар аст. Маврид ба тазаккур аст, ки аз соли 2004 дар Тоҷикистон ба истифодаи ҳукми қатл моратория эълон шудааст. Ҳукми ҳабси абад ҳамчун алтернатива ба ҳукми қатл дар 5 навъи ҷиноят – одамкушӣ, таҷовуз ба номус дар ҳолатҳои вазнин, терроризм, генотсид (қатли ом бо баҳонаҳои нажодӣ, миллӣ ва динӣ) ва биотсид пешбинӣ шудааст: «Ман ному насаби ин ду нафарро гуфта наметавонам, вале онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин – куштор ва таҷовуз ба номус маҳкум шуданд».
Ҳамзамон, раиси Шӯрои адлия афзуд, дар соли гузашта додгоҳҳои Тоҷикистон 8 ҳазору 467 парвандаи ҷиноиро баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо 3 ҳазору 706 нафар шаҳрвандон маҳкум шуданд
-Соли гузашта дар маҷмӯъ 123 ҳазор парвандаҳои ҷиноӣ, шаҳрвандӣ, оилавӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, ки дар муқоиса бо соли пешин 4 ҳазор парванда зиёдтар аст,-илова кард Азизов