Футболбозони “Вахш”-и Қурғонтеппа панҷ моҳ боз маош нагирифтаанд
Ба гуфти масъулин ва роҳбарияти тими мазкур ба бозигарони даста дар ин муддат маош пардохт нашудааст.
Иброҳим Азизов, намояндаи иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки масъулони тим ба варзишгарон шартнома доранд, аммо ҳаққулзаҳмати эшон дода нашудааст: «Мо барои кӯмак ба тими “Вахш” омодагӣ дорем ва тасмим гирифтаем, ки бо роҳҳои қонунӣ мушкили молии тимро ҳал кунанд».
Маврид ба ёдоварист, дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа яке аз се тими машҳури футбол дар Тоҷикистон аст, аммо варзишгарони даста ҳамасола ба мушкили дарёфти маош мувоҷеҳ мешаванд. Тими “Вахш” яке аз кӯҳансолтарин дастаи варзишӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 2010-ум аз 50-умин солгарди таъсиси худ ҷашн гирифта буд.Мушкили молӣ ва набуди сарпараст дар тими футболи “Вахш” мунҷар бар он шудааст, ки чандин бозигари ҳирфаии ин тим ба тимҳои дигари футболи Тоҷикистон, аз ҷумла “Истиқлол” ва “Регар” бипайванданд.