Тамоми ҳудуди истгоҳи метрои "Охотний ряд"-и Маскав ва атрофи он ба пуррагӣ аз тариқи сагҳои кинологӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ягон маводи тарканда то ин замон ошкор нашудааст.
Ҳамчунин дар реҷаи ҳаракати қатораҳо монеа ва тағйирот низ ворид нашудааст. Тибқи иттилои пулис пирзани кӯхансоле таркиши навбатии метрои Маскавро дар хоб дидааст. Мувофиқи маълумоти ӯ пулиси нақлиётии Маскав санҷиши сартосарии хатсайри Соколникиро шурӯъ аз истгоҳи "Охотний ряд" анҷом дод. Ин пиразан маҳалли вуқӯи амали терористиро дар хобаш ба таври дақиқ мушоҳида карда, ба пулис хабар додааст. Ҳамчунин миқдори зиёди наҷотдиҳандагон, кормандони тиб ва пулис низ ба ин истгоҳ кашида шудаанд. Дар ин бора аз пулиси нақлиётии Маскав иттилоъ расид. Масъулини РУД-и Маскав мегӯянд, «бо ин вуҷуд, ки ин иттилоъ шубҳанок буда, пиразан шояд ягон бемории асаб дошта бошад, аммо вазифаи мо аст, ки тамоми маълумоти расидаро оид ба ҳодисаҳои даҳшатафканӣ саривақт ва босифат мавриди баррасӣ қарор диҳем».
Пулиси Маскав мегӯяд, бо ин вуҷуд, ки чунин зангҳои беасос ба онҳо зиёд мерасад, ин навбат онҳо ин пиразанро мавриди ҷустуҷӯ қарор надодаанд. Чунки ӯ ҳангоми ба пулис занг задан рӯирост изҳор кардааст, ки амали даҳшатафканиро дар хоб дидааст.
Ёдовар мешавем, ки чунин амалҳои дахшатафканӣ соле пеш дар метрои Маскав ва чанде пеш дар метрои Минск - пойтахти Белорус сар зада буданд.