16 нафар кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон курсҳои бозомӯзии вижаро хатм карданд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии сафорати ИМА дар Душанбе иттилоъ доданд, Кен Гросс ин гурӯҳ кормандони вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллиро бо хатми курси ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ махсус табрик намуд. Сафири Амрико афзуд, ИМА муносибатҳои худро бо Тоҷикистон тақвият дода, умедвори ҳамкориҳои давомдор ва дастовардҳои умумӣ аст. Афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташхис кардани тавсифҳои ҳуҷҷатҳои тағйирёфта, сохташуда ё дигар ҳуҷҷатҳои таққаллубиро омӯхтанд. Кен Гросс изҳор намуд, ки ташҳис кардани санадҳои қалбакӣ яке аз қисмҳои асоси идоракунии назорати сарҳадӣ ва пойсутуни муборизаи давлати Тоҷикистон дар муқобили терроризм ва нашъамандӣ аст. Афсарони хати пеши сарҳад, амният ва милитсия бояд аз ӯҳдаи ҷилавгирии террористҳо ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон бароянд.
Курси омузишии ташхис кардани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар соли 2011, дуюмин пружаи кӯмакдиҳӣ ба мубориза алайҳи терроризм (АТА) мебошад, ки аз ҷониби идораи амнияти минтақавии сафорати ИМА маблағгузорӣ шудааст. Аз соли 2002 то имрӯз беш аз 400 масабдорони ҳукумати Тоҷикистон дар фаъолияти омӯзишии ширкат варзидаанд, ки аз ҷониби АТА ба ҳисоби беш аз 6 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Барномаҳои омӯзишӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон доир мегарданд. Гуфта мешавад, аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико барои барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллар таъмин намудааст.